Забур боби 145

Худованд умедворони Худро нигаҳбонӣ менамояд.

  1. ҲАЛЕЛУЁҲ. Эй ҷонам, Худовандро мадҳ намо.
  2. Тамоми умри худ Худовандро мадҳ хоҳам кард; то даме ки вуҷуд дорам, Худои худро хоҳам сароид.
  3. Ба мирон таваккал накунед, ба фарзанди одам, ки дар вай наҷоте нест:
  4. Рӯҳи вай берун меравад, вай ба хоки худ бармегардад; дар ҳамон рӯз андешаҳои вай нест мешавад.
  5. Хушо касе ки Худои Яъқуб мададгори ӯст, ва умеди ӯ бар Худованд Худои ӯст,
  6. Ки Ӯ осмон ва заминро офаридааст, ва баҳр ва ҳар чиро, ки дар онҳост; Ӯ ростиро то абад нигаҳбонӣ мекунад;
  7. Ба ситамкашон додгарӣ мекунад, ба гуруснагон нон медиҳад; Худованд бандиёнро озод мекунад.
  8. Худованд чашми кӯронро мекушояд; Худованд хамидақоматонро рост мегардонад; Худованд одилонро дӯст медорад.
  9. Худованд ғарибонро нигаҳбонӣ менамояд, ятимон ва бевазанонро тақвият медиҳад, ва роҳи шариронро каҷ мекунад.
  10. Худованд подшоҳӣ хоҳад кард то абад, Худои ту, эй Сион, то абадуддаҳр. Ҳалелуёҳ!

© IBT 1992

Оставьте комментарий