Ишаъё боби 28

Вой бар Эфроим. Пешгӯӣ дар бораи асирии он.

  1. ЭЙ вой бар афсари ғурури сармастони Эфроим ва бар гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхези майзадагон аст!
  2. Инак, зӯровар ва ҷасури Парвардигор мисли сели жола ва тундбоди ҳалокатовар, мисли сели обҳои азими саршор онро бо тамоми қувват ба замин хоҳад афканд.
  3. Афсари ғурури сармастони Эфроим ба зери пойҳо поймол хоҳад шуд.
  4. Ва гули пажмурдаи зинати шукӯҳи он, ки бар сари водии ҳосилхез аст, мисли анҷири пешпазаке хоҳад буд, ки чун бинандае онро бинад, зуд ба дасташ гирифта, онро фурӯ мебарад.
  5. Дар он рӯз Парвардигори лашкарҳо афсари зинат ва тоҷи шавкат барои бақияи қавми Худ хоҳад буд,
  6. Ва рӯҳи адлу инсоф барои онҳое ки бар курсии доварӣ менишинанд, ва қудрат барои онҳое ки ҷангро сӯи дарвоза бармегардонанд.
  7. Ва инҳо низ аз шароб гумроҳ гардидаанд ва аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд; коҳин ва набӣ аз арақ гумроҳ гардидаанд, аз шароб саргаранг шудаанд, аз арақ дар иштибоҳ афтодаанд, дар рӯъё хато кардаанд, дар доварӣ пешпо хӯрдаанд.
  8. Зеро ки ҳамаи суфраҳо аз қай ва наҷосат пур шудааст, ҷои тозае намондааст.
  9. «Вай донишро ба кӣ меомӯзад? Ва пайғомро ба кӣ мефаҳмонад? Оё ба онҳое ки аз шир бароварда ва аз пистон ҷудо карда шудаанд?
  10. Зеро ки фармон бар фармон, фармон бар фармон, дастур бар дастур, дастур бар дастур, андаке ин ҷо, андаке он ҷо мебошад».
  11. Ба яқин, Ӯ бо лабҳои бегона ва бо забони дигар ба ин қавм хоҳад гуфт
  12. Он чиро, ки пештар гуфта буд: «Фароғат ҳамин аст; хастаро ба ҳоли худ вогузоред; оромӣ ҳамин аст». Валекин онҳо нахостанд гӯш кунанд.
  13. Пас, каломи Парвардигор барои онҳо фармон бар фармон, фармон бар фармон, дастур бар дастур, дастур бар дастур, андаке ин ҷо, андаке он ҷо хоҳад буд, то ки пуштнокӣ рафта, фурӯ ғалтанд, ва шикаст хӯранд, ва ба дом афтанд, ва мубтало шаванд.

Қисмати Эфроим таҳдид барои Яҳудо.

  1. Бинобар ин, эй мардуми масхарабоз ва эй ҳокимони ин қавме ки дар Ерусалиманд, каломи Парвардигорро бишнавед.
  2. Азбаски гуфтаед: «Мо бо марг иттифоқ бастаем, ва бо дӯзах сулҳ кардаем, ва агар тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, ба мо нахоҳад расид, зеро ки кизбро паноҳгоҳи худ сохтаем ва андаруни дурӯғ ниҳон гаштаем»,
  3. Бинобар ин Парвардигор Худо чунин мегӯяд: «Инак, Ман дар Сион санге барои бунёд гузоштам, ки санги озмуда, санги зовия ва гаронбаҳост, ва асоси мустаҳкаме дорад; ҳар кӣ имон оварад, таъҷил нахоҳад намуд.
  4. Ва Ман инсофро меъёр гардонидаам, ва адолатро – шоқул; ва жола паноҳгоҳи кизбро хоҳад рӯфт, ва об ниҳонхонаро хоҳад бурд».
  5. Ва иттифоқи шумо бо марг ботил хоҳад шуд, ва сулҳи шумо бо дӯзах поянда нахоҳад монд. Вақте ки тозиёнаи ҳалокатовар бигзарад, шумо ба зери он поймол хоҳед шуд.
  6. Ҳар бор, ки он бигзарад, шуморо дастгир хоҳад кард, зеро ки ҳар субҳ, ҳар рӯз ва шаб хоҳад гузашт, ва фақат фаҳмонидани пайғом боиси даҳшат хоҳад шуд.
  7. Зеро бистар кӯтоҳтар аст аз он ки касе бар он дароз кашад, ва кампал тангтар аст аз он ки касе худро бо он пӯшонад.
  8. Зеро Парвардигор ҳамон тавре ки бар кӯҳи Просим воқеъ шуда буд, қиём хоҳад кард, ҳамон тавре ки дар водии Ҷибъӯн воқеъ шуда буд, ба ғазаб хоҳад омад, то ки амали Худро, амали аҷиби Худро ба ҷо оварад, ва кори Худро, кори ғариби Худро анҷом диҳад.
  9. Ва акнун масхарабозӣ накунед, ки мабодо бандҳои шумо маҳкамтар шавад; зеро шунидам, ки аз ҷониби Парвардигор, Худои лашкарҳо, таҳлука ва ҳукми қатъӣ барои тамоми замин муқаррар гардидааст.
  10. Гӯш диҳед ва овози маро бишнавед, диққат намоед ва суханони маро бишнавед!
  11. Оё зироаткор тамоми рӯз барои кишт ронда, замини худро огард ва мола мекунад?
  12. Вай, охир, баъд аз ҳамвор кардани сатҳи он, кунҷитро мекорад, ва зираро мепошад, ва гандумро дар қаторҳо, ва ҷавро дар ҷои муайян, ва ҷувориро дар канори саҳро кишт мекунад.
  13. Ва ин тартибро Худояш ба ӯ омӯхта, ӯро ҳидоят менамояд.
  14. Зеро кунҷитро бо ғаллакӯбаки дандонадор намекӯбанд, ва чархи аробаи ғаллакӯбро бар зира намегардонанд, балки кунҷитро бо асо, ва зираро бо чӯбдаст мекӯбанд.
  15. Оё ғалларо кӯфта, гард-гард мекунанд? Не, чунки онро пай дар пай намекӯбанд, балки чархи аробаи ғаллакӯбро бо аспҳояш бар он мегардонанд, аммо онро гард-гард намекунанд.
  16. Ин низ, аз ҷониби Парвардигори лашкарҳо ба амал меояд, ки қарордоди Ӯ аҷоиб аст, ва ҳикмати Ӯ бузург аст.

© IBT 1992

Оставьте комментарий