Ишаъё боби 60

Давоми он.

  1. БАРХЕЗ, мунаввар шав, зеро ки нури ту омадааст, ва ҷалоли Парвардигор бар ту тулӯъ намудааст.
  2. Зеро инак, торикӣ заминро, ва меғ қабилаҳоро мепӯшонад, вале бар ту Парвардигор тулӯъ хоҳад кард, ва ҷалоли Ӯ бар ту зоҳир хоҳад шуд.
  3. Ва халқҳо сӯи нури ту, ва подшоҳон сӯи дурахши тулӯи ту равона хоҳанд шуд.
  4. Чашмони худро ба ҳар ҷониб баланд намуда, бингар: ҳамаашон ҷамъ шуда, сӯи ту меоянд: писаронат аз дур хоҳанд омад, ва духтаронат дар канор гирифта хоҳанд шуд.
  5. Онҳоро дида, чеҳраат аз шодӣ хоҳад дурахшид, ва дилат ба тапиш афтода, васеъ хоҳад шуд, зеро ки сарвати баҳр сӯи ту рӯ хоҳад овард, дороии халқҳо назди ту хоҳад омад.
  6. Анбӯҳи шутурон – шутурони ҷавони Мидён ва Эйфо – туро пур хоҳад кард; ҳамаашон аз Шабо хоҳанд омад, тилло ва лебӯно хоҳанд овард, ва ҳамду санои Парвардигорро башорат хоҳанд дод.
  7. Ҳамаи гӯсфандони Қедор назди ту ҷамъ хоҳанд шуд; кӯчқорҳои Набойӯт ба ту хизмат хоҳанд кард: бар қурбонгоҳи Ман баромада, мақбул хоҳанд шуд, ва Ман хонаи шавкати Худро ҷалол хоҳам дод.
  8. Инҳо кистанд, ки мисли абр парвоз мекунанд, ва мисли кабӯтарон сӯи равзанҳои худ?
  9. Ба яқин, ҷазираҳо, ва пешопешашон киштиҳои Таршиш назди Ман ҷамъ хоҳанд шуд, то ки писарони туро аз дурдаст, ва нуқраю тиллои онҳоро бо онҳо биёранд, ба хотири номи Парвардигор Худои ту, ва ба хотири Поки Исроил, зеро ки Ӯ туро ҷалол додааст.
  10. Ва аҷнабиён ҳисорҳои туро бино хоҳанд кард, ва подшоҳони онҳо хизмати туро ба ҷо хоҳанд овард, зеро ки дар ғазаби Худ туро зарба задаам, вале дар таваҷҷӯҳи Худ ба ту раҳм хоҳам кард.
  11. Ва дарвозаҳои ту ҳамеша воз хоҳад буд, рӯз ва шаб баста нахоҳад шуд, то ки дороии халқҳоро назди ту биёранд, ва подшоҳони онҳо низ оварда шаванд.
  12. Зеро ҳар халқ ва мамлакате ки ба ту хизмат накунад, нобуд хоҳад шуд, ва он халқҳо тамоман нест хоҳанд гардид.
  13. Ҷалоли Лубнон, сарв, коҷ ва шамшоди он бо якҷоягӣ назди ту хоҳад омад, то ки макони поки Маро зинат диҳад, ва Ман қадамгоҳи Худро ҷалол хоҳам дод.
  14. Ва писарони онҳое ки туро ба танг меоварданд, сар фурӯд оварда, назди ту хоҳанд омад, ва ҳамаи онҳое ки аз ту нафрат доштанд, ба кафи пойҳои ту саҷда хоҳанд кард, ва туро шаҳри Парвардигор, Сиони Поки Исроил хоҳанд номид.
  15. Дар ивази он ки ту матрук ва манфур будӣ, ва касе аз ту гузар намекард, Ман туро ифтихори ҷовидонӣ, шодии наслҳои зиёд хоҳам гардонид.
  16. Ва аз шири халқҳо сер хоҳӣ шуд, ва пистони подшоҳонро хоҳӣ макид, ва хоҳӣ донист, ки Ман Парвардигори Наҷотдиҳандаи ту ва Раҳокунандаи ту, Неруманди Яъқуб ҳастам.
  17. Ба ҷои мис тилло хоҳам овард, ва ба ҷои оҳан нуқра хоҳам овард, ва ба ҷои чӯб – мис, ва ба ҷои санг – оҳан; ва осоиштагиро ҳокими ту, ва адолатро нозири ту хоҳам гардонид.
  18. Зулм дар замини ту, тороҷу шикаст дар ҳудуди ту дигар шунида нахоҳад шуд; ва ҳисорҳои худро наҷот, ва дарвозаҳои худро ҷалол хоҳӣ номид.
  19. Офтоб барои ту дигар рӯшноии рӯз нахоҳад буд, ва дурахши моҳ барои ту равшанӣ нахоҳад дод, балки Парвардигор барои ту нури ҷовидонӣ, ва Худои ту шавкати ту хоҳад буд.
  20. Офтоби ту дигар ғуруб нахоҳад кард, ва моҳи ту пинҳон нахоҳад шуд, зеро ки Парвардигор барои ту нури ҷовидонӣ хоҳад буд, ва рӯзҳои мотами ту тамом хоҳад шуд.
  21. Ва қавми ту ҳамаашон одил хоҳанд буд, ба сурати абадӣ вориси замин хоҳанд шуд; онҳо ниҳоли шинондаи Ман, амали дастҳои Ман ҳастанд, то ки ҷалол ёбам.
  22. Камшумор ба ҳазорҳо мубаддал хоҳад шуд, ва бемаҷол – ба халқи зӯровар. Ман – Парвардигор инро дар вақташ хоҳам тезонид.

© IBT 1992

Оставьте комментарий