Ишаъё боби 53

Қурбонии Масеҳи муовин бандаи Худо.

  1. КИСТ, ки ба овозаи ба гӯши мо расида бовар карда бошад, ва кист, ки бозуи Парвардигор бар вай зоҳир гардида бошад?
  2. Ӯ мисли навдае ба ҳузури Парвардигор рӯидааст, ва мисли решае аз замини хушк; Ӯро на симое буд, на ҷамоле, то ҳавас кунем, ки ба Ӯ назар андозем; ва на намуде буд, то муштоқи дидораш гардем.
  3. Ӯ манфур буд ва радди мардум, дардманд ва ранҷур, ва мисли касе ки аз вай рӯй мегардонанд; Ӯ манфур буд, ва мо Ӯро писанд намекардем.
  4. Аммо Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд, ва ба дардҳои мо мубтало буд, валекин мо гумон бурдем, ки Ӯро Худо зада, ба мусибат ва азиятҳо гирифтор кардааст.
  5. Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст; сазои осоиштагии мо бар Ӯст, ва ба воситаи ҷароҳатҳои Ӯ мо шифо ёфтаем.
  6. Ҳамаамон мисли гӯсфандон гумроҳ будем: ҳар яке ба роҳи худ мерафтем; ва Парвардигор гуноҳи ҳамаи моро ба гардани Ӯ монд.
  7. Ӯ ситам кашид, вале гардан фуровард, ва даҳони Худро воз накард; мисли гӯсфанде ки барои забҳ бурда мешавад, ва мисли баррае ки назди пашмтарошонаш безабон аст, Ӯ ҳамчунон даҳони Худро воз накард;
  8. Ӯ аз банд ва аз доварӣ гирифта шуд, ва кист, ки бо насли Ӯ мусоҳиба намояд? Зеро ки Ӯ аз замини зиндаҳо қатъ карда шуд; барои гуноҳҳои қавми Ман ба Ӯ осеб расид.
  9. Ва қабри Ӯро бо шарирон таъин карданд, вале баъд аз мурданаш – бо сарватдоре гӯрониданд, гарчанде ки Ӯ гуноҳе накардааст, ва дар забонаш макре набуд.
  10. Валекин хости Парвардигор ин буд, ки Ӯро зарба зада, ба дардҳо гирифтор кунад; вақте ки Ӯ ҷони Худро кафорат намояд, насл дида, умраш дароз хоҳад шуд, ва хости Парвардигор дар дасти Ӯ муяссар хоҳад гардид.
  11. Ӯ аз заҳмати ҷони Худ самар дида, қонеъ хоҳад шуд; Бандаи Одили Ман бо дониши Худ мардуми бисёреро сафед хоҳад кард, ва гуноҳҳои онҳоро бар дӯши Худ хоҳад бардошт.
  12. Бинобар ин Ман ба Ӯ дар миёни бузургон ҳиссае хоҳам дод, ва Ӯ ғаниматро бо зӯроварон тақсим хоҳад кард, дар ивази он ки ҷони Худро ба марг таслим намуд, ва аз ҷинояткорон шумурда шуд, ва гуноҳи мардуми бисёреро бар худ бор кард, ва барои ҷинояткорон шафоат намуд.

© IBT 1992

Оставьте комментарий